- нон
- [نان]1. хӯроки асосии инсон, ки аз орд хамир карда мепазанд: нони гандум, нони гарм, нони зағора, нони сафед, нони сиёҳ, нони тафтон, нони фатир, нони хонагӣ, нони хушк, нони ҷавин, нони ширмол; нон буридан, нон пухтан, нон пора кардан, нон шикастан а) нонро пора кардан; б) киноя аз духтареро ба арӯсӣ номзад кардан2. кит., маҷ. хӯрок, ғизо; нони муфт ризқу рӯзии бе меҳнат ба даст омада; нони ҳалол а) ризқу рӯзии бо меҳнат ба даст омада; б) ноне, ки ба подабон барои чарондани чорпоён медиҳанд; нону намаки касеро хӯрдан аз хони неъмати касе баҳраманд шудан, аз хони касе ризқ дидан◊ нону насиб қисмат, насиба; нони касе равғанӣ шудан а) аз ҷое баҳравар шудани касе; б) ба серию пурӣ расидан (одатан аз даромади муфт); нони касеро нимта кардан ба ризқи касе шарик шудан, ба даромади касе ҳамроҳ шудан; нонро пешпо задан ношукрӣ кардан, ба қадри неъмате нарасидан; нони даҳони касеро гирифтан охирин воситаи зиндагии касеро аз худ кардан, ризқу рӯзии касеро даррабудан; нони чизеро хӯрда тавонистан қобилияту лаёқати бо коре рӯз гузарониданро доштан, аз паси касбу коре зиндагонӣ карда тавонистан; нонро аз даҳани касе зада гирифтан ниг. нони даҳони касеро гирифтан; нонро ҳалол карда хӯрдан аз ҳисоби меҳнати софдилона зиндагӣ кардан; нону насиба бурида шудан ризқу рӯзӣ канда шудан; аз ҷое, вазифае, даромад ё фоидае маҳрум гаштан; нон хӯрда намакдон шикастан (мақ.) кӯрнамакӣ кардан, ҳақношиносӣ кардан; аз нону оби касе хабар гирифтан ғамхорӣ кардан дар ҳаққи касе; ёрӣ расонидан ба шахси эҳтиёҷманд; аз пушти коре (чизе) нон хӯрдан рӯз гузарондан ба воситаи коре, таъмину маишат доштан аз шуғле
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.